RU
БОЗДИДИ ПРЕЗИДЕНТИ АМИТ АЗ КИТОБХОНАИ АКАДЕМИКИ АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН АЛЕКСАНДР СЕМЁНОВ
Имрӯз, 15 май дар ҳошияи таҷлили Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Китобхонаи академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Александр Семёнов дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки дар китобхона зиёда аз 3570 нусха китобҳои нодири асрҳои XVIII–XIX маҳфуз буда, онҳоро академик Александр Семёнов ҷамъоварӣ намудааст. Ҳамчунин дар фонди китобхона маълумотномаҳо дар шакли энсиклопедияҳои универсалӣ ва соҳавӣ, луғатҳо, солномаҳо, ҳисоботҳо ва дигар маводи арзишманди илмӣ нигоҳдорӣ мешаванд.
Қайд гардид, ки дар китобхонаи мазкур инчунин фотокопияҳо, диафилмҳо, ҳуҷҷатҳои шахсии академик Александр Семёнов ва ашёи утоқи кориаш, аз ҷумла мизи корӣ, диван, роҳаткурсӣ (кресло), курсӣ, трюмо, мошинкаи чопкунӣ ва лавозимоти хатнависии рӯйимизӣ то 15 сентябри соли 2018 нигоҳ дошта мешуданд.