RU
АКАШАРИФ ҶӮРА ВА МАСОИЛИ МУБРАМИ ЭҶОДИЁТИ ШЕЪРӢ – МУСИҚИИ ТОҶИК: ДИРӮЗ ВА ИМРӮЗ
Имрӯз, 19 июн дар толори Раёсати Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 130- юмин соли гиромидошти Артисти хизматнишондодаи Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Артисти халқии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, устоди бузурги мусиқӣ Акашариф Ҷӯра Конференсияи байналмилалии-илмӣ таҳти унвони «Акашариф Ҷӯра ва масоили мубрами эҷодиёти шеърӣ - мусиқии тоҷик: дирӯз ва имрӯз» баргузор гардид.
Ба кори конфронс ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Саломиён Муҳаммаддовуд ифтитоҳ бахшида, аҳаммияти илмӣ ва фарҳангии чорабиниро таъкид намуд. Зикр гардид, ки омӯзиш ва таҳқиқи мероси эҷодии Акашариф Ҷӯра ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати мусиқии тоҷик барои рушди илми мусиқишиносӣ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии миллӣ аҳаммияти махсус дорад.
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт дар сухани ифтитоҳии хеш иброз дошт, ки санъати мусиқии тоҷик мисли шеъри оламгири он таърихи хеле бостонӣ дошта, дар ташаккул ва пешрафти ин сарвати бадеӣ-эстетикӣ саҳми устодони мусиқии касбию мардумӣ хеле бузург аст. Эҷодиёти шеърӣ-мусиқии тоҷик ва анъанаҳои эҷодию дерини касбӣ ва мардумии он тавассути санъати нотакрори устодону меросбарони ҳунарофарин аз насл ба насл, аз устод ба шогирд дар марказҳои дерини таърихию фарҳангиамон ташаккул ва идомаю рушд намудааст.
Таъкид гардид, ки яке аз симоҳои барҷаста дар нигаҳдошту тарғиби анъанаҳои дерини эҷодию иҷроии шеърӣ - мусиқии халқӣ ва устодона саҳм гузошта мутриб, сароянда, офарандаи даҳҳо асарҳои мондагори мусиқӣ, дастаҳои тарона ва рақс дар ҳайати дастаҳои эҷодии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, узви фаъоли ансамбли мусиқии Хонаи радиои тоҷик, Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон ва Ҳофизи халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барандаи мукофотҳои давлатии Иттиҳоди шуравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди ба номи мусиқии садаи ХХ-тоҷик Акашариф Ҷӯра (1896-1966) мебошад.
Гуфта шуд, ки шахсият, эҷодиёт, ҳунари Акашариф Ҷӯра як падидаи воқеан нодири бадеӣ дар мусиқии асри ХХ- тоҷик ва кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Фаъолияти эҷодии бисёрҷанба, услуби хоси иҷрою тароватбахшу хотирмони ӯ на танҳо барои санъати иҷроии Тоҷикистон хос аст, балки сабки эҷоду иҷро, осори офаридаааш барои фазои васеи шунавандагони тоҷику кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрону Афғонистон низ пазиранда мебошанд. Санъати иҷроӣ, эҷодиёти мусиқии устод Акашариф Ҷӯра бо муассирияти бадеиаш ба як нерӯи муттаҳидкунанда дар фазои умумии бадеии тоҷик табдилёфта аст.
Қайд гардид, ки санъати рангомез ва таъсирбахши эҷодӣ ва иҷроии устод Акашариф Ҷӯра на танҳо дар минтақаҳои Рашт ва водиҳои Вахш, Ҳисор ва Зарафшон, балки дар саросари паҳнои васеи марказҳои қадимии таърихӣ ва фарҳангии Бухоро Самарқанд, Суғдиён, Чағониён, Тошканд, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Эрон, Афғонистон ва ғайра пазируфта шудааст. Фаъолияти эҷодии ӯ, аз муассису роҳбари чойхонаи сурх то сарвари дастаҳои эҷодӣ ва иҷроии ҳаваскорони клуби сайёр, устоду асосгузори гуруҳҳои касбии иҷроии Филармонияи давлатии Тоҷикистон, Хонаи Радиои тоҷик, роҳнамою тарбиятгари даҳҳо овозхонон, оҳангсозони касбӣ, ба ӯ чун устод шӯҳрати ҳунарӣ овардааст.
Зикр гардид, ки саҳми устоди ҳунар Акашариф Ҷӯра дар тарбия ва маҳорати иҷроии писараш Муқим - ғолиби Фестивали умумииттифоқӣ ва ҷаҳонии ҷавонон ва донишҷӯён (Москва, 1957), ҳофизони мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Назриев (1930-2006), Иброҳим Кобулиев (1926-2000), ҳунармандони шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Карим Раҳимов (1938-2009), Шумкор Одинабеков (1928-1995), оҳангсози машҳур Фаттоҳ Одинаев (1938-2010) ва дигарон бузург аст.
Иброз гардид, ки Акашариф Ҷӯра чун мусаннифи сабки хоси эҷодӣ ба ашъори суханварони адабиёти классикӣ ва муосири тоҷик сурудҳои зиёде эҷоду иҷро намудаи ӯ «Ироқи Дарвоз», «Роки Дарвоз» , «Мискин», «Ташниз», «Калъабандӣ», «Ба нозам», «Маҳбубаи ҷон», «Ҳавои зулф», «Ширинҷон», «Азизам», «Агар ба гулшан», «Мулки мо», «Садои булбул» ва ғайра ба асарҳои дӯстдоштаю мондании мардумӣ табдил ёфта ва ин таснифот дар таърихи фарҳанги мусиқии садаи ХХ- тоҷик ҷойгоҳи хоса доранд.
Дар идома мушовири калони Бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулозода Масрур таъкид кард, ки омӯзиш ва гиромидошти мероси гаронбаҳои Акашариф Ҷӯра ҳамчун яке аз симоҳои барҷастаи санъати мусиқии миллӣ на танҳо аҳаммияти фарҳангӣ, балки арзиши баланди маънавию тарбиявӣ дорад.
Зикр гардид, ки дар сиёсати фарҳангии давлат, таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ба ҳифз ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, эҳёи анъанаҳои мусиқии классикии тоҷик ва дастгирии муҳаққиқону аҳли эҷод таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад.
Инчунин, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонзода ва дигар олимону муҳаққиқон аз дохил ва хориҷи кишвар суханронӣ намуда, аҳаммияти амиқи илмӣ ва фарҳангии омӯзиши мероси эҷодии Акашариф Ҷӯраро таъкид карданд.
Зикр гардид, ки Акашариф Ҷӯра ҳамчун яке аз чеҳраҳои барҷастаи санъати мусиқии тоҷик дар ташаккул ва такомули анъанаҳои иҷроии мусиқии классикӣ ва халқӣ саҳми назаррас гузошта, мактаби эҷодии ӯ то имрӯз дар раванди таълим ва фаъолияти ҳунарии наслҳои нави ҳофизон ва навозандагон таъсири босамар дорад. Дар ин замина, омӯзиши ҳамаҷонибаи осори ӯ на танҳо барои таърихи мусиқии тоҷик, балки барои дарки равандҳои умумии рушди фарҳанги миллӣ аҳаммияти бузург дорад.
