RU
ҶОЙГОҲИ ХОВАЛИНГ ДАР ТАЪРИХ ВА ТАМАДДУНИ ОСИЁИ МАРКАЗӢ
7–8 августи соли 2026 аз ҷониби Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ дар ноҳияи Ховалинг конференсияи байналмилалии илмӣ - назариявӣ дар мавзуи «Ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» гузаронида шуд.
Дар кори конференсия директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мадумшиносии ба номи А. Дониш доктори илмҳои таърих, дотсент Муродзода А. А., муовини директори Институт оид ба корҳои илмӣ ва таълимӣ н.и.т. Мирзоев Ш.Ҷ., академик Яқубов Ю, узви вобастаи АМИТ Пирумшоев Ҳ., н.и.г. Хуҷагелдиев Т.У, доктори илмҳои таърих, ходими илмии Осорхонаи неандертали Олмон Илҳом Ғиёсиддин, профессори Донишгоҳи Киелни Олмон Сомон Гурон, доктори илм, муҳаққиқи Маркази тадқиқотии Фаронса дар Исроил Мариюн Превост, н.и.т., Шарифзода Абдувалӣ, сармуҳаррири Сарредаксияи илмии “Энсиклопедияи миллии тоҷик” Ҳусейнӣ Саидҷалол, директори Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институт Пулотов А. ва дигар олимону муҳаққиқон иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории конференсия баррасии ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ, муаррифии мероси бойи таърихию бостоншиносӣ ва фарҳангии ноҳия, инчунин натиҷагирӣ аз дастовардҳои таҳқиқоти илмии солҳои охир буд.
Дар доираи барномаи конференсия 7 августи соли 2026 иштирокчиён аз як қатор ёдгориҳои муҳимми таърихию бостонӣ ва осорхонаҳои ноҳияи Ховалинг, аз ҷумла аз ёдгории палеолитии Кӯлдара, Қалъаи Лоҳутӣ, ёдгории дайри буддоии Хиштеппа, Осорхонаи таърихию кишваршиносии ноҳия, Осорхонаи асри санги Ховалинг, Осорхонаи ҷумҳуриявии Восеъ дидан намуда, бо маводди таърихию фарҳангӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва дигар намунаҳои мероси моддию маънавии минтақа аз наздик шинос шуданд.
Дар ҷараёни боздид масъалаҳои марбут ба ҳифзи ёдгориҳои бостонӣ, идомаи таҳқиқоти илмӣ ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои муаррифии мероси фарҳангии ноҳия мавриди таваҷҷуҳи иштирокчиён қарор гирифтанд.
8 августи соли ҷорӣ конференсия идома ёфта, иштирокдорон бо маърӯзаҳои илмӣ дар мавзуъҳои “Асри санги қадим (палеолит) дар ҷанбуи Тоҷикистон”, “Пружаи палео-тоҷик: Бозсозии муҳоҷирати неандерталҳо ба Осиёи Миёна”, “Неандертал: оғоз ва анҷом”, “Ховалинг дар континуитети антропологӣ ва таърихию фарҳангии Осиёи Марказӣ”, “Мунк дар сарчашмаҳои таърихӣ ва ҷуғрофии асрҳои миёна”, “Натиҷаи таҳқиқоти бостоншиносии ёдгории асри санги Лоҳутӣ IV дар солҳои 2021-2024”, “Ихтилофи назар доир ба санаи шӯриши Восеъ” “Ҳифзи ёдгориҳои палеолити поёнӣ: таҷрибаи байналмилалӣ ва дурнамои Кӯлдара”, Саҳми М.Мулоқандов дар омӯзиши ёдгориҳои таърихии Ховалинг” ва дигар мавзуъҳо баромад намуданд.
Ҳамзамон, конференсияи масъалаҳои таърихи қадим, асримиёнагӣ ва давраҳои минбаъдаи минтақа, натиҷаҳои таҳқиқоти бостоншиносӣ, масъалаҳои омӯзиши мероси фарҳангӣ, инчунин нақшу мақоми Ховалинг дар равандҳои таърихию тамаддунии Осиёи Марказӣ мавриди таҳлилу баррасии илмӣ қарор гирифтанд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳо иштирокчиён оид ба натиҷаҳои таҳқиқоти анҷомдодашуда, масъалаҳои мубрами омӯзиши таъриху фарҳанги Ховалинг, зарурати идомаи корҳои бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва густариши ҳамкориҳои илмии байни муассисаҳои соҳавӣ андешаҳои худро баён намуданд.
Конференсияи байналмилалии илмию назариявӣ «Ҷойгоҳи Ховалинг дар таърих ва тамаддуни Осиёи Марказӣ» дар таҳкими ҳамкориҳои илмӣ, муаррифии дастовардҳои таҳқиқоти таърихию бостоншиносӣ, ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи илмӣ ба омӯзиши мероси таърихию фарҳангии Ховалинг ва муайян намудани самтҳои минбаъдаи таҳқиқоти илмӣ аҳаммияти муҳим дошт.
Баргузории чунин чорабиниҳои илмӣ барои таҳқиқи ҳамаҷонибаи таърихи минтақа, ҳифз ва муаррифии мероси бостонӣ ва фарҳангии он, инчунин таҳкими ҳамкориҳои илмӣ дар сатҳи байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Асомиддинзода Саидшо Сангалӣ –
мудири шуъбаи бостоншиносии
ИТМБ ба номи А.Дониши АМИТ
