Наврӯз дар гузори таърих

  Ҳамаи инсон ба умед зинда аст, ба фурсати дубора, ба рӯзҳое, ки боз хуршед бар сармо битобад ва меҳраш инсонро сероб кунад. Ҳоло ки боз ҳам ба Наврӯз наздик мешавем, навиди омадани баҳорро дар зарра-зарраи ҷаҳони атрофамон эҳсос мекунем. Боз ҳам замин пас аз зимистону хоби сангин бедор мешавад, парастуҳо боз мегарданд, шукуфаҳои бодом аз растохези табиат огоҳ мекунад ва ин зеботарин ва ширинтарин такрор дар тамоми ҳастист. Наврӯз бо ин ҳама, ки ҳамасола такрор меояд, на танҳо куҳна нашуда, балки ҳар сол азизтар аз соли баъд ба наздамон боз мегардад ва мо қудуми ин азизкардаро ҳазорҳо сол аст, ки ба расми обо ва аҷдодамон ҷашн мегирем. Наврӯз бузургтарин рӯйдоди фарҳангии миллии мост.

  Наврӯз дар рӯзи аввали фарвардинмоҳ (21 март), нахустин моҳи гоҳшумории хуршедӣ, ки рӯзи аввали он Ҳурмузд ном дорад, дар эътидоли баҳорӣ дар пояи санҷидатарин андозагирии ахтаршиносӣ ва гоҳшуморӣ дар ҷаҳон фаро мерасад.

  Аз замоне ки аҷдоди мо худро шинохт, ду ҷашн барояш муҳим буд: аввал иди офариниш дар аввалҳои фасли поиз ё тирамоҳ-Меҳргон ва иди растохезе, ки дар оғози баҳор баргузор мешавад - Наврӯз. Мардум ақида доштанд, ки сарнавишти инсон ва ҷаҳон дар соле, ки дар пеш аст, дар Наврӯз таъйин мешавад. Дар ин рӯз некбахтиҳо барои мардумони замин тақсим мегардад ва аз ин рӯ ин рӯзро ниёкони мо рӯзи умед низ номидаанд.

  Пеш аз фарорасии Наврӯз дар поёни сол  маросиме  бо номи Сурӣ, ки чашни оташ низ ҳаст, гирифта мешуд. Сурӣ ба маънии сурх аст. Оташ равшан кардан ба маънии ёрӣ расонидан ба расидани гармо ва ҷиҳати рахт бастани сармо маънӣ мешудааст.

  Ин ҷашн дар чанд шаби охири сол, ки чаҳоршанбе набуда, баргузор гардида ва пеш аз иди Наврӯз бар пушти бомҳои манзилҳои худ мардум оташ меафрӯхтанд ва тасаввур бар ин буд, ки арвоҳи гузаштагон боз гашта, ба бозмондагон кумак мекардааст. Фирдавсӣ дар  «Шоҳнома» аз ин маросим ёд мекунад:

Ситорашумар гуфт Баҳромро,

Ки дар чоршанбе мазан комро.

Агар з-ин бипечӣ газанд оядат,

Ҳама кор носудманд оядат…

Зи Ҷайҳун ҳаме оташ афрӯхтанд,

Замину ҳаворо ҳаме сӯхтанд.

  Аз ҷашни Наврӯз дар Авасто зикре намеравад, зеро Наврӯз ҷашни миллӣ маҳсуб мешавад ва Авасто як китоби динист ва ҷашнҳои хоси худашро дорад. Баъд аз гузашти замон саранҷом дини зардуштӣ ҳам ҷашни Меҳргонро, ки дар оғоз як иди миллӣ будааст ва ҳам Наврӯзро мепазирад.

  Дар гузаштаҳо ин ҷашн як моҳ ба дарозо мекашид ва имрӯз дар мамлакатҳои ҳамзабон то рӯзи сенздаҳ дунбол мешавад.

  Рӯзи нахусти фарвардинмоҳ Наврӯзи Омма ё Наврӯзи Хурд ё Сағир хонда мешуд. Панҷ  рӯзи аввали фарвардин ҷашни Наврӯз гунаи ҳамагонӣ дошта ва рӯзи шашуми фарвардинмоҳ, ки Хурдодрӯз будааст, Наврӯзи Бузург фаро мерасид. Ин рӯз дар аҳди Сосониён аз нақши хосе бархӯрдор буд. Баъд аз пазириши ислом Наврӯзи Бузург аз байн рафт.

  Дар гузаштаҳо расме буд дар айёми иди Наврӯз барои хушҳолии умумӣ фардеро аз миёни мардум ба унвони мири Наврӯз интихоб мекарданд ва барои як чанд рӯз зимоми корҳоро ба уҳдаи ӯ месупориданд. Пас аз гузашти айёми ҷашн салтанати ӯ низ ба поён мерасид ва возеҳ буд, ки ҷуз ханда ва хушҳолӣ манзури дигаре дар байн набуд. Дар аҳди Ҳофизи Шерозӣ ин расм мавҷуд будааст:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хӯрдае дорӣ, худро сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро ғалатҳо дод савдои зарандӯзӣ…

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

  Яке аз ойинҳои дигаре, ки пеш аз Наврӯз тадорук медиданд, ин парвардани сабза буд. Бино ба ривоятҳо 25 рӯз пеш аз иди Наврӯз навъе аз донаи гандум, ҷав, биринҷ, лубиё, арзан, нахуд, мош ва ғайраро дар кӯзаҳои махсус мекоштанд ва хубию камбуди ҳосили ғаллотро дар соле, ки дар пеш буд, аз чигунагии сабзиши ин донаҳо пешбинӣ мекарданд.

  Дар Наврӯз ва Меҳргон расм буд, ки бузургон ва фармонравоён ва ашроф ва мардум ҳар яке ба тавоноии худ ҳадяҳое ба дарбор мебурданд Мардум ба ҳамдигар ширинӣ хадя мекарданд ва ин расм дар даврони Сосониён ҳамагонӣ шуд. Дар Наврӯзи Бузург пеш аз лаб ба сухан кушудан, шакар мехӯрданд, то дар тӯли сол зиндагиашон ширин гузарад.

  Расми кӯзашиканӣ бинобар ин эътиқод буд, ки зарфҳои сафолини ҳар хонавода боистӣ дар рӯзҳои пеш аз Наврӯз нав гардад ва дар ин рӯз ҳар чи коса ва кӯзаи куҳна ва фарсуда дар хона бошад, аз бом фурӯ афканда, онҳоро мешикастанд ва ба ҷои онҳо коса ва кӯзаҳои нав ба кор мебурданд ва бо ин ойин ба беҳдошти хона таваҷҷуҳ мекарданд.

  Ниёкони мо ба ин андеша буданд, ки дар айёми Наврӯз рӯҳи гузаштагон аз ҷойгоҳи осмонии худ ба замин, ба хонаҳои хешовандони худ боз мегардад. Бозмондагон барои хушии ҳар чи бештари рӯҳи гузаштагони худ хони наврӯзӣ бо ҳафт ғизои оғози ҳарфи ҳар калимааш бо шин шурӯъ шуда меоростанд: Шаҳду ширу шаробу шакару, шамъу шамшоду шоя (мева).

  Интихоби рақами ҳафт ба далели муқаддас будани он аст, мисли ҳафт кавокиб, ҳафт табақа, ҳафт осмон, ҳафт пушт ва ғайра.

  Ба далели боварҳои исломӣ сирка ҷои шароби нобро гирифта ва ҳафт шин ба ҳафт син табдил шуда: Сир, себ, сабза, санҷид, сирка, сунбул, сипанд.

  Аммо назари дигарест, ки ба ҳақиқати суннати Наврӯзӣ наздик аст. Дар ойинҳои наврӯзӣ барои чидани хони наврӯзӣ аз зарфҳои мунаққаши бисёр нафисе, ки аз Чин оварда шуда буд, истифода мекарданд ва онҳоро ба адади ҳафт амшоспанд (фаришта) (Баҳманамшоспанд, Шаҳриварамшоспанд, Сипандурмузамшоспанд, Хурдодамшоспанд, Урдубиҳиштамшоспанд ва Мурдодамшоспанд ҳамроҳ бо Аҳурамаздо) бар сари хонҳои наврӯзӣ мегузоштанд ва аз ин рӯ хони наврӯзӣ бо номи ҳафт чинӣ ё ҳафт қоб ном гирифта буд ва баъдҳо ба сурати ҳафт шин даромада аст.

  Дар манобеи таърихӣ зикре аз берун шудан аз хонаҳо ва ба саҳро рафтан дар рӯзи сенздаҳуми фарвардин нашудааст. Эҳтимол қидмати он ба пояи Наврӯз мерасад. Тибқи гоҳшумориҳои бостон рӯзи сенздаҳуми моҳи фарвардин марбут ба эзиди тир (Тиштар) буда, ки он эзиди борон аст. Ориёиён қабл аз густариши дини зардуштӣ, дар рӯзи сенздаҳуми ин моҳ ба дашту саҳро мебаромаданд, дар канори чашма ва рӯдҳо дар нимарӯз гӯсфандҳо бирён мекарданд ва он нисоре буд ба фариштаи борон, то ки дар набард бо хушксолӣ ғалаба кунад ва киштҳоро бо об шодоб намояд.

  Бунёди ин ҷашнро ба Ҷамшеди Пешдодӣ робита медиҳанд, ки дар дарозои таърих бо номи ҷашни Наврӯзи Ҷамшедӣ низ маъруф будааст.

  Гарчи иттилои дақиқе аз Наврӯзи давраи Каёниён дар даст нест, аммо дар ин ки ойинҳои ин ҷашн дар рӯзгори онон риоя мешудааст, тардиде вуҷуд надорад.

Рӯзи Наврӯз дар замони Каён,

Мениҳоданд мардуми Ориён

Шаҳду ширу шаробу шакари ноб,

Шамъу шамшоду шоя андар хоб.

  Дар аҳди Ҳахоманишиён (солҳои ҳукумат 700-675–330 пеш аз милод) Наврӯз бо шукӯҳи хосе барпо мешуд. Дар замони Ҳахоманишиён шоҳ Наврӯзро дар Тахти Ҷамшед барпо медошт. Ҳама чиз дар Тахти Ҷамшед барои бузургдошти ин ҷашн бино шуда буд. Пеш аз анҷоми ташрифоти Наврӯз бузургони шоҳаншаҳӣ ва намояндагони кишварҳо ба тахти Ҷамшед меомаданд ва ҳазорон чодар мезаданд. Дар сангнигораҳои Тахти Ҷамшед 23 халқи пайрави шоҳаншоҳӣ ва дарбориён бо ҳамроҳи аспҳо ва гардунаҳои подшоҳӣ ва сарбозон дида мешаванд.

  Рӯзи аввал бори ом, яъне пазироии мурдум буд, дувумин рӯз баландпоятарин касон, аз шумори деҳқонон (ашрофон) ва аъзои хонадони онҳоро мепазируфт, рӯзи сеюм мубадон пазирӯфта мешуданд, рӯзи ҷаҳорум хонаводаи худ ва наздикони хешро қабул мекард ва рӯзи панҷум фарзандон ва коргузорони худро мепазируфт ва ба ҳар кадоме, ки рутбаи баландтареро шоиста буд, арзонӣ медошт ва рӯзи шашум шоҳ Наврӯзро барои худ дар хилват ҷашн мегирифт.

  Он тавре ки аз катибаҳои даврони Ҳахоманишӣ бармеояд, замони оғози соли нав, замони мушаххас ва дақиқе надошта, балки тағйир меёфтааст. Бино ба ахбори ин катибаҳо дар сартосари даврони Ҳаҳоманишӣ замони оғози соли нав аз 21 исфандмоҳ (12 март) то 9 урдубиҳишт (29 апрел) дар гардиш будааст.

  Аз ахбори сангнавиштаҳои Дориюши бузурги Ҳахоманишӣ (солҳои подшоҳӣ 521-486 пеш аз милод) дар Бесутун маълум мешавад, ки соли нав дар ин аҳд дар фасли тирамоҳ ё поиз оғоз мешуд ва ҷашни Меҳргон ҷашни иди аввали сол буд. Дар охири фармонравоии Дориюши бузург тақвими хуршедиро пазируфтанд ва бар тибқи он сол ба дувоздаҳ моҳи сирӯзӣ ва ба изофаи панҷ рӯзи изофӣ (онро панҷи дуздида низ мегуфтанд) тақсим мешуд ва дар эътидоли баҳорӣ оғоз мегардид. Ин сол аз ойини митроии куҳан гирифта шуда буд ва ба соли дини зардуштӣ мубаддал гашт.

  Наврӯз дар замони Дориюши бузург дар Миср роиҷ гардид ва инчунин бархе усули гоҳшумории мисриёнро Ҳахоманишиён иқтибос карданд.

  Бо шинохти таърихи дудмони Ашконӣ (солҳои подшоҳӣ 250 пеш аз милод – 226 мелодӣ) ва бо пайдо кардани осори бостонии аҳди Ашконӣ, мисли сафолнавиштаҳо дар харобаҳои шаҳри Нисо (18 км шимолу ғарбии Ашқобод) маълум гардид, ки Наврӯз дар даврони шоҳаншоҳии онон бештар аз ҷониби мардум ҷашн гирифта мешуда аст. Бояд гуфт, ки пас аз замони ҳукумати селевкиҳо, ҳарчанд, ки Ашкониён аз ақвоми ориёӣ ва зардуштимазҳаб буданд, вале тасаллути 80 солаи юнониён дар онҳо асар карда, дар хусуси одобу русуми аҷдодӣ бетараф буданд. Аммо дар охири давраи ҳукмронии 486 солаи онҳо, дубора ба сунану анъаноти аҷдоди хеш баргаштан дар онҳо қувват гирифт.

  Дар тамоми даврони Сосониён (солҳои подшоҳӣ 226-651) Наврӯз чун ҷашни миллӣ ба шумор мерафт. Ба ҳамин ҷиҳат ҳатто мардуме, ки пайрави ойини зардуштӣ набуданд, мисли оромиён, арманиён, гурҷиён, аммо дар ҳавзаи ҳукумати Сосониён зиндагӣ доштанд, низ дар он ширкат доштанд. Мисли замони Ҳахоманишиён дар ин аҳд низ панҷ рӯзи аввали фарвардин чашни Наврӯз гунаи ҳамагонӣ доштааст ва онро Наврӯзи Омма ва ё Наврӯзи Кучак номидаанд. Наврӯзи Бузург ё Хурдодрӯз, ки шашумин рӯзи фарвардинмоҳ аст, назди Сосониён бисёр муҳим буд. Ба ин рӯз бисёр ҳодисаҳоро иртибот медиҳанд, мисли зода шудани Зардушт ва ба пайғамбарӣ баргузидани ӯ, вуқӯи растохез дар ин рӯз. Дар тақвимҳои суғдӣ ва хоразмӣ рӯзи таваллуди Сиёвуш рӯзи шашуми фарвардинмоҳ аст ва бо ин сол оғоз мешуд.

  Дар ойини наврӯзии Сосониён адади ҳафт аҳамият доштааст. Сосониён дар Наврӯз ҳафт донаро бар ҳафт сутун мекоштанд ё ноне мепухтанд аз ҳафт ғаллаи мухталиф.

  Таваҷҷуҳе, ки Наврӯз дар замони Сосониён аз он бархӯрдор буд, дар мусиқии онҳо низ инъикос шудааст. Дар миёни оҳангҳои даврони Сосонӣ, номҳои Наврӯз, Сози Наврӯз, Наврӯзи Бузург ва Наврӯзи Қубод хеле маъруфанд.

Баъд аз густариши ислом дар сарзамини Хуросону Варорӯд аз ҷалоли ҷашни Наврӯз коста мешавад. Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» ба ҳангоми тавсифи ҷуғрофиёии деҳи Варахша, ки дар наздикии Бухорост менависад, ки дар ин деҳ ҳар 15 рӯз бозор доир мешавад. Ва чун бозори охир бошад, 20 рӯз бозор кунанд ва рӯзи 21 Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд.

  Дар миёни ҳама ҷашнҳое, ки пас аз ислом дар қаламрави Хуросони Бузург ба далели бетаваҷҷуҳии ҳокимон ба фаромӯшӣ супорида шуданд, Наврӯз тавонист ҷойгоҳи худро ба унвони ҷашни миллӣ ҳифз кунад. Далели пойдор мондани Наврӯз дар фарҳанги мо ин пайванди амиқи ин ҷашн бо ойинҳои миллати мо, таърихи кишвар ва ҳофизаи фарҳангии мо тоҷикон аст.

  Гуфта мешавад, ки арабҳо пас аз фатҳи қаламрави Эрон ва Хуросони Бузург молиёти сангине барои баргузори ҷашни Наврӯз ва Меҳргон вазъ карданд. Халифаҳои Умавӣ ва Аббосӣ низ ин равияро идома доданд. Агарчи баъдҳо худи халифаҳо дар ҷашни Наврӯз ҳузур пайдо мекарданд. Аз баргузории ойинҳои наврӯзӣ дар замони Умавиён мадраке дар даст надорем, аммо дар замони хилофати Аббосиён ба гуфтаи Табарӣ Муътадид (Муътазид) (892-902) мардуми Бағдодро аз барафрӯхтани оташ дар рӯзи Наврӯз ва пошидани об ба рӯи роҳгузарон манъ кард, вале пас аз нигаронӣ аз эҳтимоли ошӯби мардум фармони худро пас гирифт. Аббосиён гоҳе барои пазириши ҳадяҳои мардум аз Наврӯз истиқбол мекарданд. Бо рӯи кор омадани силсилаҳои Тоҳириён. Саффориён ва Сомониён ва Оли Буя ҷашни Наврӯз бо густурдагии бештаре баргузор мешуд. Дар ин давраҳо шоирон бо фаро расидани Наврӯз дар ситоиши он шеър месароиданд ва ба шоҳ фарорасии Наврӯзро шодбош мегуфтанд. Байҳақӣ аз шукӯҳи маросими Наврӯз дар дарбори Ғазнавиён навиштааст ва шоирони ин дарбор чун Фаррухӣ, Манучеҳрӣ ва Саъди Салмон дар ситоиши Наврӯз шеърҳо сурудаанд.

  Дар даврони Салҷуқиён ба дастури Ҷалолиддини Маликшоҳ теъдоде аз мунаҷҷимон, аз ҷумла Хайём барои беҳсозии гоҳшуморӣ ҷалб шуданд. Ин гурӯҳ Наврӯзро дар замони вуруди офтоб ба бурҷи ҳамал қарор доданд ва ҷойгоҳи онро собит намуданд. Бар асоси ин гоҳшуморӣ, ки ба тақвими Ҷалолӣ маъруф шуд, барои собит мондани Наврӯз дар оғози баҳор муқаррар шуд, ки ҳудудан ҳар чаҳор сол як бор (гоҳе ҳар панҷ сол як бор) теъдоди рӯзҳои солро ба ҷои 365 рӯз 366 рӯз дар назар бигиранд. Ин гоҳшумор аз соли 392 ҳиҷрӣ /1001-1002 оғоз гирифт.

  Дар Ҳинд низ ҷашни Наврӯз пешинаи таърихӣ дар фарҳанги он дорад. Ба хусус аз оғози ҳукумати Бобуриён дар ин сарзамин Наврӯз шукӯҳи ҷашни миллиро ба худ гирифт, ки дар он Ҷалолуддин Муҳаммади Акбар (1542-1605) нақши муҳиме дошт. Ӯ соли 1584 (992 ҳ.) тақвими исломиро мансух ва тақвими хуршедии эрониёнро ба ҷои он ривоҷ дод. Акбар, ки зиндагиномаи худро ба форсии тоҷикӣ навишт, менигорад, ки бо зинда кардани ҷашнҳои куҳан, ки ба муддати ҳазор сол аз ривоҷ афтода буд, шодӣ ба хотираҳои маҳзуну ғамгин боз гардонад. Далели ин иқдомро ибтиғои марзиёти илоҳӣ (хости хушнудии Худованд) хондааст. Ҷашни Наврӯз дар солҳои салтанати Ҷаҳонгир (1605-1627) ҳар сол аз ибтидои фарвардин то ҳаждаҳуми ҷашни Наврӯз бар пой мешуд ва рӯзи нуздаҳум бо баргузории Ҷашни Шараф поён меёфт. Бар асоси асноди таърихӣ Нурҷаҳон маликаи ин дарбор аз мунаҷҷимон мехост, ки ранги марбут ба солро ба ӯ бигӯянд, то деворҳо, пардаҳо, фаршҳо, либоси канизҳо ва ғайраро ба ҳамон ранг тағйир диҳад. Дар дарбори писари Ҷаҳонгир – Шоҳҷаҳон (1628-1658), ки Тоҷмаҳалро сохтааст, баргузории Наврӯз идома ёфт. Аммо дар замони Аврангзеб, ки пас аз Шоҳҷаҳон ба тахт нишаст ва мусалмони мутаассиб буд, ҷашни Наврӯз мутаваққиф шуд.

  Наврӯз ва фасли болиданҳову шукуфтанҳои инсону табиат – баҳор ҳамеша сарчашмаи илҳоми шоирони номвари мо будааст. Дар ихтитоми сухан ба расми табрикоти наврӯзӣ аз бузургони шеъри форсӣ-тоҷикӣ - Саъдӣ ва Ҳофиз имдод меҷӯем:

 

Баромад боди субҳу бӯйи Наврӯз,

Ба коми дӯстону бахти пирӯз.

Муборак бод ин солу ҳама сол,

Ҳумоюн бод ин рӯзу ҳама рӯз.

Чу оташ дар дарахт афканд гулнор,

Дигар манқал манеҳ, оташ маяфрӯз

Чу наргис чашми бахт аз хоб бархост,

Ҳасадгӯдушманонро дида бардӯз.

Баҳоре хуррам аст, эй гул куҷоӣ?

Ки бинӣ булбулонро нолаву сӯз.

Ҷаҳон бе мо басе будасту бошад,

Бародар ҷуз накуномӣ маяндӯз

Накуӣ кун, ки давлат бинӣ аз бахт,

Мабар фармони бадгӯи бадомӯз…

Саъдӣ

 

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрӯзӣ.

Чу гул гар хӯрдае дорӣ, худоро, сарфи ишрат кун,

Ки Қорунро зарарҳо дод савдои зарандӯзӣ.

Зи ҷоми гул дигар булбул чунон масти майи лаъл аст,

Ки зад бар чархи фирӯза сафири тахти фирӯзӣ.

Ба саҳро рав, ки аз доман ғубори ғам биафшонӣ,

Ба гулзор ой, к-аз булбул ғазалгуфтан биёмӯзӣ.

Чу имкони хулуд, эй дил, дар ин фирӯзаайвон нест,

Маҷоли айш фурсат дон ба фирӯзиву беҳрӯзӣ.

Тариқи комбахшӣ чист, тарки коми худ кардан,

Кулоҳи сарварӣ он аст, к-аз ин тарк бардӯзӣ.

Сухан дар парда мегӯям, чу гул аз ғунча берун ой,

Ки беш аз панҷ рӯзе нест ҳукми мири наврӯзӣ.

Надонам навҳаи қумрӣ ба тарфи ҷӯйборон чист?

Магар ӯ низ ҳамчун ман ғаме дорад шабонрӯзӣ.

Майе дорам чу ҷон софеву сӯфӣ мекунад айшаш,

Худоё, ҳеҷ оқилро мабодо бахти бадрӯзӣ.

Ҷудо шуд ёри ширинат, кунун танҳо нишин, эй шамъ,

Ки ҳукми осмон ин аст, агар созӣ в-агар сӯзӣ…

 

Ҳофизи Шерозӣ

Ҳамза Камол,

доктори илмҳои таърих, профессор