МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ
Бо ташаббуси Шӯъбаи этнология ва антропологияи таърихӣ ва Осорхонаи мардумшиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ 23 июни соли 2023 Мизи мудаввари байналмиллалӣ, бахшида ба омӯзиши мероси илмии мардумшиносони шинохта И.М.Муњиддинов, Н.Х.Нурҷонов, М.А.Хамиджанова, А.Мардонова, О.Муродов бахшида мешавад.
Дар бахшҳо масъалаҳои зерин мавриди таҳлил дар назар аст:
- Нақши мардумшиносони советӣ дар рушди илми мардумшиносии Тоҷикистон;
- Масъалаҳои ҳалталаб ва вазифаҳои антропологияи муосири тоҷик ;
-Нақши осорхонаҳо ва бойгониҳо дар тарғиб ва нигоҳдошти фарҳанги этникии тоҷикон.
Мақолаҳо дар “Маҷмӯаи мақолаҳои Мизи мудаввар, бахшида ба омӯзиши мероси илмии мардумшиносони шинохта”, ш.Душанбе, 23 июни соли 2023, чоп мегарданд.
Мӯҳлати фиристодани маърӯзаҳо то 1 июни соли с.2023 муқаррар шудааст:mumina.1957@ mail.ru; niso.111980@mail.ru>, lorasdodo@rambler.ru mumina.1957@ mail.ru ;
МАҚОЛА БОЯД УНСУРҲОИ ЗЕРИНРО ДАР БАР ГИРАД:
- мақола бояд аз 10 саҳифа зиёд набошад;
-ному насаби пурраи муаллиф (ҳаммуаллифон) ба забонҳои русию англисй ё тоҷикй, русй ва англисй;
-унвони илмй, дараҷаи илмии муаллиф (ҳаммуаллифон), ном ва рамзи ихтисоси илмй (тибқи номгӯй), ки тадқиқот тибқи он сурат мегирад, ба забонҳои русию англисй ё тоҷикй, русй ва англисй;
-аспирантон, унвонҷӯён, омӯзгорон, докторантҳо номи муассисаи илмиро (магистрантҳо-самти тайёриро) ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русӣ англисӣ зикр мекунанд;
-зикри мансаб, ҷои кор, шаҳру мамлакат ба забонҳои русию англисӣ ё тоҷикию русию англисй; - e-mail ва телефони робитавии муаллиф ва ё ҳаммуаллифон барои тамос;
-номи мақола бо забонҳои тоҷикию русию англисӣ бо ҳарфҳои калон, ҳуруфи Times New Roman 14 ё Times New Roman Tj 14, тароз дар марказ);
-фишурда ба забонҳои русй ва англисй ҳуруфи Times New Romаn an 14, аз 100 то 250 вожа бо сабти мақсаду вазифаи таҳқиқ, ва ё нимухтасари кор ва хулосаҳои асосие, ки навоварии илмии корро дарбар мегирад;
-калидвожаҳо ба забонҳои русию англисй оварда мешаванд, 5-7 калима ё ибора, ки ду ё се вожаро дарбар мегирад;
ҳуруфи Times New Roman 14, тарҳашкурсив, тароздарбар, вожаҳоёи бо раҳои калидй бо вергул аз ҳам ҷудо карда мешаванд);
-мақола ҳатман бояд номгӯи адабиёти истифодашударо бо зикри танҳо сарчашмаҳои иқтибосгардида дар бар гирад. Рӯйхати адабиёт дар охири мақола бо назардошти саҳифаи умумии сарчашмаи истифодашуда навишта мешавад. Ҳангоми навиштани рӯйхати мазкур тартиби ҳуруфи алифбо ва талаботи ГОСТ бояд ҳатман риоя карда шаванд;
Иқтибосҳо дар қавси квадратй бо қайди рақами адабиёт мутобиқи рӯйхати сарчашмаҳо ва саҳифаи он бояд ишора шаванд, масалан: [5, 25] ё [5,25; 6,77]; Матни мақолаи пешниҳодшаванда нусхаи ниҳоймаҳсуб шуда, бояд пурра аз назари таҳрир гузаронида шавад ва аз ғалаторй (тоза) бошад. Мақолаҳое, ки ба идораи маҷалла бо нақзи талаботи мазкур ирсол мегарданд, мавриди баррасй қарор намегиранд. Масъулияти салоҳият, боэътимодии аснод ва муҳтавои мақолот бар дӯши муаллифон ва муқарризон мебошад.