МЕҲРГОН – ҶАШНИ ГУЗАШТАГОНИ МО

Ҷашни Меҳргон яке аз ҷашнҳои қадимаи мардуми ориёнажод буда, дар сарчашмаҳои таърихию адабӣ пайдоиши он ба шоҳаншоҳҳои давраи асотирӣ ва пешдодӣ дар робита бо пайдошавӣ ва рушду нумуи кишоварзӣ ва барқароркунии тақвими кишоварзӣ нисбат дода мешавад.
Мувофиқи маълумотҳои сарчашмаҳои хаттӣ Меҳргон ба монанди идҳои Сада ва Наврӯз дар байни гузаштагони мо маълум ва машҳур буд. Дар манобеи хаттӣ, аз ҷумла «Авасто», «Шоҳнома»-и А.Фирдавсӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ва дигар асарҳо дар бораи ин ид маълумоти зиёд оварда шудааст. Мардумшиносӣ машҳур Н.А.Кисляков қайд намудааст, ки «Меҳргон дар баробари Сада ва Наврӯз дар сарзамини ориёӣ иди бузург ҳисобида шуда, бо риоя расму русумҳои қадимаи ориёӣ гузаронида мешудаст».
Иди Меҳргон аз давраҳои қадим ҳамчун иди ҷамъоварии ҳосилот қайд карда мешуд. Аз рӯи ҳисоби тақвими офтобии ориёиҳои қадим моҳи ҳафтуми сол, ки Меҳр – Офтоб номида мешуд ва тақрибан аз 22-юми сентябр то 22-юми октябр давом мекард, барои гузаронидани Иди Меҳргон мувофиқат мекард. Калимаи «меҳр» ба маънои рушноӣ, дӯстӣ, муҳаббат ва гармӣ омада, дар ин рӯз кишоварзон ба ҷамъоварии ҳосил сар мекарданд. Ин идро гузаштагони мо, ба монанди Иди Наврӯз ботантана ҷашн гирифта, дар ин рӯз хонаҳо ва ҳавлиҳоро тоза ва либоси идонаро ба бар мекарданд, дастурхони идонаро аз маҳсулоти навҷамъовардашуда меоростанд. Инчунин, дар рӯзи Иди Меҳргон сайругашти оммавӣ ташкил карда шуда, ҳар як нафар ба назди хешу табор ва дӯстон ба меҳмонӣ рафта, ба ҳамдигар туҳфаҳо тақдим намуда, саломатӣ, хушбахтӣ ва осудагиро хоҳон мешуданд.
Аз рӯи маълумотҳои олимони машҳури мардумшинос М.С.Андреев ва М.Р.Раҳимов дар ноҳияҳои кӯҳистони Тоҷикистони ҳозира, аз он ҷумла дар водии Хуфи Кӯҳистони Бадахшон ва Вахиёи водии Қаротегин, то миёнаҳои қарни ХХ боқимондаҳои Иди Меҳргонро мушоҳида кардан мумкин буд. М.С.Андреев менависад, ки дар водии Хуф дар мавриди гузаронидани Иди Меҳргон аз ҳосили нави гандум нон тайёр намуда, онро бо равғани зарди аз айлоқ овардашуда ва гӯшт барои ҳамаи ҷамъомадагон зиёфат мекарданд. Хӯроки аз ин ид боқимондаро ба ҳамаи хоҷагиҳо тақсим карда медоданд.
М.Р.Раҳимов қайд мекунад, ки дар Вахиё дар рӯзи гузаронидани Иди Меҳргон дар осиёб, орди аз гандуми ҳосили нав тайёр кардашударо дар ҷои махсуси барои нигоҳ доштани орд - «кулӣ», «хамба» пур намуда, онро сахт зер мекарданд, ки дар он ҳар чӣ зиёдтар ҷо гирад. Пас аз он соҳибхоназан онро бо испанд дуд медиҳад. Бегоҳии ҳамон рӯз аз орди нав нони тунук – чаппотӣ пухта, хӯроки дӯстдоштаи мардуми онҷо – равғанҷӯширо тайёр мекарданд. Аввалин шуда калонтари хона ба хурдан шуруъ менамуд. Пас аз он аъзоёни дигари оила низ ба ӯ ҳамроҳ мешуданд. Баъди хӯрок калонтари хона дуою фотиҳа мекард. Рӯзи дигар аз орди нав хӯроки умочи ба шир тайёр мекарданд, ки он ҳамчун хӯроки маросимӣ дар ин рӯз ҳатмӣ буда, онро танҳо мардони деҳа ба хотири арвоҳи гузаштагон истеъмол менамуданд.
Дар Бартанг ва Рушон чунин анъана вуҷуд дошт. Вақте ки гандуми нав пухта мерасид, дар аввал аз он танҳо якчанд дарза дарав намуда,баъдан дастӣ онро орд мекарданд ва ҳамон замон аз он нон пухта, қисми зиёдашро ба айлоқ мефиристонданд ва як қисми камашро ба хонаҳо бурда, ҳамаи хешу табори наздикро даъват карда, онро дар якҷоягӣ бо аҳли оила мехӯрданд.
Бо мақсади «эмин доштани ҳосили нав аз чашми бад» дар ин ҷамъомад одамони бегона, ҳатто ҳамсояҳо роҳ дода намешуданд.
Ҷамъоварии ғаладонаи зироатӣ, ҳатто алафҳо низ бо иштироки бевоситаи бобои деҳқон, халифаҳо ва дигар шахсони мутасаддӣ ва риоя намудани анъанаҳои гуногун гузаронида мешуданд. Ҷамъоварии ҳосил аз рӯи тартиби муайян гузаронида мешуд: аввал нахуд, баъд – ҷав, гандум ва ғайра.Барои ҷамъоварии ҳосил халифа рӯз ва соати некро муқаррар менамуд.
Чӣ хеле ки М.С.Андреев қайд мекунад, ҳамаи чорабиниҳои вобаста ба ҷамъоварии ҳосил бо ташкил намудани зиёфатҳо анҷом меёфтанд. Тарзи ташкил намудани зиёфат дар ноҳияҳои гуногун намудҳои гуногун дошт. Аз рӯи маълумотҳои М.С.Андреев сарвари хона дар ҳамин рӯз, баъди анҷоми кор ба хона баргашта, аз рӯи имконият ягон чорворо қурбонӣ карда, тамоми аъзоёни хонавода ва наздиконро меҳмондорӣ мекард.
Дар бораи мавҷудияти «Иди Меҳргон» дар ноҳияҳо ва водиҳои дигари Тоҷикистони имрӯза низ маълумотҳои зиёде мавҷуданд. Муҳаққиқон ба хулосае омаданд, ки Иди Меҳргон ҳамчун Иди ҷамъоварии ҳосилот дар байни гузаштагони мо ҳанӯз пеш аз асрҳои IX-X вуҷуд дошт. Имрӯзҳо ин ид дар аввал бо номи «Иди Ҳосилот» ва солҳои охир бо номи «Иди Меҳргон» эҳё гардида, дар тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ботантана ҷашн гирифта мешавад. Дар баъзе ноҳияҳо ва шаҳрҳо бо номҳои «Иди харбӯза», «Иди асал» ва ғайра қайд карда мешавад.
Юсуфбекова З., Шовалиева М.,
 кормандони шуъбаи мардумшиносии
Институти таърих, бостоншиносӣ
ва мардумшиносии ба номи А. Дониши АМИТ