ТАБРИКОТИ
директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон УБАЙДУЛЛО Насрулло Каримзода бахшида ба ифтихори Рӯзи Модар
Модарон ва хоҳарони азиз!
Дар ситоиши Модар ва Зан дар паҳнои таърихи шашҳазорсолаи халқи тоҷик волотарин суханҳо гуфта шудаанд. Ҳанӯз дар матнҳои қадимтарин, пеш аз ҳама суғдиву бохтарӣ, паҳлавӣ, тоҷикӣ-форсӣ Зан-Модар зебопарасту озоданажод, диловару мубориз, бонангу номус, далеру шуҷоъ, ватандӯсту ватанпарвар, озодихоҳу адолатпарвар ва кадбонуву ҳунарманди асил ба таври барҷаста тасвир ёфтааст.
Имрӯз дар кишвари соҳибистиқлолу озоди мо занон мақоми хосаю волоро ишғол намуда, соҳиби ҳуқуқи комил, озод ва неруи бузурги созандаву бунёдкори ҷомеа мебошанд. Пешвои муаззами миллат пайваста таъкид менамоянд, ки «Модар мураббии нахустини инсон, субҳи гулафшони баҳор, хуршеди ишқу муҳаббат, паёмовари сулҳу сахо ва дарёи бепоёни меҳр аст» ва моро вазифадор менамоянд, ки «модарону духтаронро ҳамчун чароғи хонадон ва нигоҳдорандаи гармии ҳар хонаву кошона дӯст дорем, ба қадри муҳаббату бедорхобӣ ва заҳмату талошҳои онҳо расем, эҳтиромашонро ба ҷо оварем ва кӯшиш намоем, ки занон-модарон ва хоҳарону духтарони мо ҳамеша саломат, хушбахт ва саодатманд бошанд».
Дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ низ ҷиҳати татбиқи нуктаҳои асосии сиёсати хирадмандонаи Президенти ҷумҳурӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба маќоми зан дар љомеа тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ гардида, барои фаъолияти босамари онњо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз шумораи зиёди кормандони Институтро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки дар байни онњо 3 нафар доктори илм ва 8 нафар номзадони илм мебошанд.  Онњо бо маҳорату истеъдоди фавқулода ва ҳисси баланди ватандориву хештаншиносӣ дар амалисозии ҳадафҳои фарҳангпарваронаи давлату ҳукумат содиқонаву софдилона хизмат менамоянд.   
Бори дигар модарону бонувони азизро бо ҷашни фархунда - Рӯзи Модар табрик намуда, барояшон саломатии бардавом, хушбахтиҳои бепоён ва сарбаландиву пирӯзиҳо таманно менамоем!

ИДАТОН МУБОРАК МОДАРОНИ АЗИЗ!!!!!