Унвонҷӯи  Институти таърих,
 бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи
Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
Абдулов Сайёд Маҳмадёрович
 
 
НАҚШИ КОНСТИТУТСИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ
  
Конститутсия аз калимаи лотинӣ - constitution гирифта шуда, маънояш сохт ва муқарраркунӣ мебошад. Бо шинохт ва дарку азми ин хақиқати айнӣ бояд таъкид кард, ки миллати тоҷик таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист роҳи бунёдгариро дубора зинда созад, пояҳои давлатдориро устувор гардонад ва ислоҳоти иқтисодиву сиёсиро бомуваффақият амалӣ намояд. Дар ин самт қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки роҳи давлати Тоҷикистонро ба бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ ифтитоҳ бахшида, яке аз дастовардҳои бузурги истиқлолияти кишвар мебошад.
Азбаски масъалаҳои вобаста ба паҳлуҳои гуногуни ҷараёни тайёр кардану қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасию таҳлили мутахассисини ҳам дохилию ҳам хориҷӣ қарор гирифтааст. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабл аз ҳама санади ҳуқуқӣ буда, ҳадафи асосиаш танзими ҳуқуқии равобити иҷтимоие мебошад, ки дар ҷараёни татбиқи ҳокимияти сиёсӣ арзи вуҷуд мекунад. Аз ин рӯ, Конститутсия ба сифати қонуни бунёдии давлат ҳам аз нигоҳи тартиби қабул, ҳам аз нигоҳи мазмуну муҳтавиёт ва ҳам аз нигоҳи мавқеъ ва нақши он дар  мартаботи низоми ҳуқуқии давлат аз қонунҳои муқаррарӣ (оддӣ) тафовут дорад. Гузашта аз ин, Конститутсия – ин ба сифати манбаи умдаи ҳуқуқи миллӣ ҷавҳар ва асоси низоми ҳуқуқии Тоҷикистон мебошад. Ба ибораи дигар Конститутсия ба сифати «қонуни асосӣ», қонуни қонунҳо аз роҳҳои мухталиф самтҳои асосии рушду такомули ҳуқуқи миллиро муайян мекунад, чаҳорчӯбаи ихтиёрот ва фаъолияти мақомоти қонунгузор ва дигар мақомоти давлатиро дар мавриди  ҳуқуқэҷодкунӣ муқаррар намуда, доираи равобити иҷтимоиеро муайян менамояд, ки ба танзими ҳуқуқӣ зарурат дорад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарурати қабули як силсила қонунҳои конститутсионӣ ва қонунҳои оддӣ ба таври мушаххас ишора мекунанд ва ин ҳидояти Конститутсия барои мақоми қонунгузор амри ҳатмӣ мебошад. Аз ин ҷост, ки баъд аз қабули Конститутсияи кишвар қонунҳои марбута қабул шуданд. Илова бар ин, қабул шудани Конститутсия давлатро масъул сохт, то тамоми қонунҳои худро аз тариқи қабули қонунҳои нав ва ё ворид намудани тағйироту иловаҳои зарурӣ бо қонунҳои ҷорӣ ба талаботи Конститутсия мувофиқ созад.
Аввалин конститутсияи буржуазӣ ба маънои томаш Конститутсияи ИМА (соли 1787) ва Конститутсияи Франсия (соли 1791) ба ҳисоб мераванд. Аз ҳамон давра оғоз карда, аввалин маротиба конститутсия шакли ягонаи қонуни асосиро гирифта, ҳамчун сарқонуни ин ё он давлати алоҳида эътироф шуд.
Гарчанде Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз соли 1929 то пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ дорои Конститутсияи худ буд, баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои бунёди ҷомеаи демократӣ, ва устувор гардонидани пояҳои давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, инчунин, қонунӣ гардонидани дастовардҳои истиқлолият, муносибат бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналхалқӣ  зарурияти қабули Конститутсияи навро ба миён овард.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 ноябри соли 1994 дар раъйипурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ба Конститутсияи амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 бо тариқи раъйипурсии умумихалқӣ тағйиру иловаҳо ворид карда шуд.
Мо аз баракати истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби Конститутсияи давлати навбунёди худ гардидем ва таҳлили хусусиятҳои он имкон медиҳад, ки паҳлуҳои мухталифи онро ба сифати падидаи сиёсию ҳуқуқӣ мушаххас созем. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди аксари қонунҳои асосии кишварҳои демократии ҷаҳон тамоили умумии инкишофи минбаъдаи қонунҳои асосиро дар замони муосир, ки аз бартарӣ ва афзалияти хусусияти ҳуқуқии онҳо мебошад, тасдиқ мекунад.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар ҳадди муайян барои ҳаёту фаъолияти ҷомеа ва давлат, иҷрои вазифаҳои онҳо заминаи устувори ҳуқуқӣ гузоштааст. Дар ҳамин замина онҳо имкон доранд, ки ҷомеаи адолатпарвар ва давлати пурқудрат барпо намоянд.
Ба монанди ҳар як падидаи ҳуқуқӣ ва иҷтимоӣ-сиёсии дигар, конститутсия ҳам дар ҳаракату инкишоф мебошад. Чӣ тавре, ки ҷомеа карахтию рукудро намеписандад, конститутсия низ ҳамқадами рушди ҷомеа ва давлат ва баробари онҳо дар амалу тағйирёбӣ мебошад. Ҳуҷҷати устувори серамал будани конститутсия мунтазам дар тағйиру дигаргуншавӣ будани онро инкор намекунад. 
Баробари ин, дар хотир доштан зарур аст, ки конститутсия дар сатҳи олии ҳуқуқӣ ифодакунандаи манфиати тамоми ҷомеа, иродаи тамоми халқи ҷумҳурӣ мебошад. Конститутсияро мувофиқ гардонидан ба манфиату иродаи ягон нерӯи ҷомеа, ҳизбу қудрати сиёсӣ ё фарди муайян ба моҳияти аслӣ ва таъмини устувории он мусоидат намекунад. Ҳамчунин, конститутсия ҳуҷҷати олии ҳуқуқии созишӣ мебошад, ки дар он манфиати тамоми ҷомеа куллан ифода меёбад.
Ба ҳама мардуми ватандӯстӣ кишвар ба муносибати 30-юмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз дастоварди бузурги истиқлолияти кишвар мебошад, саломативу сарбаландӣ, рӯзгори обод ва ҳисси баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ таманно менамоям.