RU
Раҷабова Умеда, ходими илмии
Институти таърих, бостоншиносӣ ва
мардумшиносии ба номи А.Дониш
Парчам – рамзи асолат ва ҳуввияти миллӣ
“Парчами миллӣ ифодагари иқболу истиқлол, иттиҳоду сарҷамъӣ, нангу номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ҳувияти миллии мардуми куҳанбунёду фарҳангии мо буда, волотарин мақсаду мароми тоҷиконро дар ҷилои рангҳои худ инъикос намудааст.”
Эмомалӣ Раҳмон
Бешак, парчам яке аз рамзҳои давлатдорӣ дар баробари нишон ва суруди миллӣ буда, инъикоси марому мақсад ва тараннумгари ормонҳои миллат мебошад. Парчам ва ё дирафш ҳанӯз аз замонҳои қадим пайдо шуда, ҳамчун нишонаи қавму қабилаҳо хидмат менамуд. Имрӯз бошад, парчамҳо қисми ҷудонашавандаи рамзҳои давлатӣ буда, дар ҳаёти рӯзмарра ва маросимҳои расмӣ истифода мешаванд. Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун рамзи давлатӣ инъикоскунандаи мубориза ва ҷоннисориҳои чеҳраҳои мондагори миллат баҳри сулҳу оромӣ ва тоҷ, ки дар маркази он ҷойгир аст, рамзи тоҷдории ин миллати кӯҳанбунёд мебошад.
Бо ифтихору сарбландӣ метавон қайд намуд, ки имрӯзҳо парчами давлатии мо дар арсаи байналмилалӣ дар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ, дар мусобиқаҳои бузурги варзишӣ партавафшон аст.
Мақоми парчам дар баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ беназир буда, нишонаи Ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг ва обу хоки ин Ватани азизу маҳбуб мебошад.
Агар ба таърихи парчами Тоҷикистон дар даври навин назар андозем шоҳиди тағйирёбии шакл ва намуди парчамҳои Тоҷикистон дар тақрибан 100-соли охир хоҳем гардид. Парчами аввалине, ки дар Ҷумҳурии Шурвии Сотсиалистии Тоҷикистон 23 феврали соли 1929 пазируфта шуд ва то соли 1931 амал мекард, дар матои росткунҷаи сурх бо тасвири нишон буд.
Парчами дигари ҶШСТ соли 1931 дар баробари қабули Конститутсияи онвақта пазируфта шуд. Он низ аз матои росткунҷаи сурх, вале бо навиштаҷот бо ҳуруфи лотинӣ – ҶШС Тоҷикистон қабул карда шуд ва то соли 1935 истифода мешуд. Минбаъд парчами ҶШС Тоҷикистон 5 маротибаи дигар солҳои 1935-1940, 1940-1946, 1946-1953, 1953-1991 тағйир ёфт, ки дар аксарияти онҳо рамз ва нишони онвақтаи Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ яъне дос ва болға инъикос ёфта буд. Инчунин бояд қайд намуд, ки бо тағйир ёфтани алифбои лотинӣ ба кириллӣ навиштаҷот дар парчам иваз гардид.
Соли 1991 бошад, бо пош хӯрдани Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравӣ Сотсиалистӣ нишони досу болға аз ҷумҳуриҳои собиқ шуравӣ бардошта шуд. Бо ба дастовардани истиқлолият Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Тоҷикистон (даъвати дувоздаҳум) парчами нави ҷумҳурии соҳибистиқлол пазируфта шуд, ки вазъи ҳуқуқии онро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” кафолат медиҳад.
Дар фарҷом ҳамирӯнро бояд қайд намуд, ки имрӯз бояд ҳар як фарди бонангу ори миллат ба қадри истиқлолият расида, барои пос доштани таъриху фарҳанги куҳанбунёди миллат ба рамзҳои давлатӣ арҷгузор бошад. Бигзор парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша дар фазои ободу озоди Ватани азизамон партавафшон буда, дар саросари ҷаҳон инъикосгари таъриху фарҳанг ва дастовардҳои беназири миллати тоҷик бошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдти миллӣ, Пешвои миллат қайд менамоянд: “Эҳсоси муҳаббат ба Парчам ҳамон вақт умумимилливу мардумӣ, мегардад, ки агар бидуни расмиёт ё ҷашнҳои умумидавлатӣ ҳар як шаҳрванди мамлакат эҳтироми онро ба ҷо оварад.”
Парчамат то абад поянда бод Тоҷикистони азиз!!!
