Ҷамоли мардумӣ дар ҳилм бошад,
Камоли одамӣ дар илм бошад.
Носири Хисрав
Дилбастагӣ ва муҳаббату шавқ ба ҳирфаи хеш аз муҳимтарин омилҳои муваффақияти инсон дар ҷодаи фаъолият мебошад. Маҳз ишқу алоқа ва заҳмату меҳнати пайваста дар кор инсонро дар ҷомеа соҳибэҳтиром ва номашро дар саҳифаҳои абадият сабт мегардонад. Дар воқеъ, инсони хушбахт ва саодатманд ҳамон аст, ки дар ҳаёт бо касби дӯстдоштаи худ машғул аст. Мутаассифона, дар ҷомеа зиёд ба инсонҳое рӯ ба рӯ мегардем, ки дар касби худ муваффақ нестанд ва омили аслии ин пеш аз ҳама завқу муҳаббат надоштан ба кори худ мебошад. Бешубҳа, ҳама кас хоҳони комёбӣ дар касбу пешаи интихобкардаи хеш аст, вале пирӯзию муваффақият насиби ҳамон касоне мегардад, ки пайванди рӯҳию муҳаббати самимӣ ба ҷодаи дар зиндагонӣ интихобкардаи худ дорад.
Устоди мо Рақиб Абулҳаев аз зумраи чунин шахсиятҳое мебошанд, ки дар воқеъ, ишқу алоқа ва завқу муҳаббат ба пешаи худ доранд. Ҳамин аст, ки фатҳи қуллаҳои баланди илм насибашон гардидааст ва эшонро дар ҷомеа соҳибэҳтиром кардааст.
Дилбастагӣ ба илм дар вуҷуди устод Рақиб Абулҳаев аз муҳити хонаводагӣ маншаъ мегирад. Аз ёддоштҳои устод бармеояд, ки эшон 10 феврали соли 1938 дар оилаи домулло Абдулҳайи Урметанӣ донишманди маъруфи замони худ ва китобдори асили Фалғар таваллуд шудаанд. Ҳамин аст, ки Рақиб Абулҳаев ва бародаронашон Ҷамоли Абулҳай (рӯзноманигор) ва Икроми Абулҳай (муҳандис) ба ҳайси ашхоси фозил ба воя расида, шахсиятҳои маъруфи ҷомеаи кишвар шуданд.
Устод Рақиб Абулҳаев мактаби одамиятро нахуст дар оила гузашта, ба китобу адабиёт низ агар дар канори падар дил баста бошанд, вале дар сарнавишти эшон Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент нақши калидӣ бозидааст. Зеро устод дар ин даргоҳ аз дарсҳои муаллими машҳур Абдуҷаббор Шарифзода баҳраманд шудаанд. Махсус зикр кардани номи Абдуҷаббор Шарифзода дар ин навишта бесабаб нест. Зеро шахсиятҳои маъруфи илму адаби тоҷик, аз ҷумла адибон - Бобо Ҳоҷӣ, Файзулло Ансорӣ, Лоиқ Шералӣ, Сорбон, Убайд Раҷаб, Фотеҳ Абдулло (Ардамеҳр) ва олимон - Бозор Тилавов (фолклоршинос), Муҳаммадӣ Исматуллоев (забоншинос), Абдунабӣ Сатторзода (адабиётшинос) ва даҳҳои нафари дигар маҳз аз мактаби Абдуҷаббор Шарифзода – машҳуртарин муаллими Омӯзишгоҳи омӯзгории шаҳри Панҷакент гузаштаанд. Рақиб Абулҳаев низ парвардаи ин муаллим ҳастанд ва меҳри таҳқиқу пажӯҳиш маҳз дар ҳамин даргоҳ дар қалби эшон пайдо шудааст.
Устод Рақиб Абулҳаев ба банда, ки панҷакентӣ ҳастам ва муддате дар Донишкадаи омӯзгорӣ фаъолият доштам, пайваста аз хотираҳои ҷавониашон нақл мекунанд ва ёди дӯстону устодонашонро аз омӯзишгоҳи омӯзгорӣ гиромӣ медоранд.
Пас аз хатми омӯзишгоҳ устод Рақиб Абулҳаев барои идомаи таҳсил ба пойтахти Тоҷикистон омада ба факултаи таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон (ДМТ) ба бахши таърих шомил мешаванд. Ва ҳамин тавр дар ин даргоҳ аз устодони бузург, муаррихони варзида таълим гирифта, худашон низ аз соли 1961 ба ин ҷониб сарнавишти хешро ба илм мепайванданд. Ҳамин тавр, Рақиб Абулҳаев беш аз 66 сол аст, ки дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба ҳайси лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, аспирант, ходими калони илмӣ, мудири шуъба ва ходими пешбар фаъолияти илмӣ доранд.
Устод Рақиб Абулҳаев хуб дарк кардаанд, ки дар баробари мутолиа кардану омӯхтан, ба дигарон тақсим кардани дониш хоси инсонҳои бофазл аст.
Илме, ки дар он амал набошад,
Ҷуз арбадаву ҷадал набошад.
Илмат ба амал чу ёр гардад,
Қадри ту яке ҳазор гардад.
Бинобар ин, устод Рақиб Абулҳаев аз солҳои 70-ум ба ин ҷониб ба фаъолияти пурсамари педогогӣ машғул буда, дар тарбияи шогирдон ва унвонҷӯёну аспирантон машғуланд. Муаллим солҳои 1976-1979 ба ҳайси дотсенти кафедраи таърихи ҲКИШ ва иқтисоди сиёсии Донишкадаи давлатии санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода ва аз соли 1998 то ба имрӯз ба ҳайси дотсент, мудири кафедра ва профессори кафедари таърихи умумии факултаи таърихи Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия фаъолият мекунанд.
Устод дар тарбияи шогирдон низ масъулияти баланд доранд ва дар муҳити илмии кишвар ба ҳайси устоди соҳибмактаб эътироф шудаанд. Муаррихони шинохта доктори илми таърих Ф. Абдурашитов, номзадҳои илм А. Ғафуров, Ҳ. Курбанова, А. Артиков, Д. Алимов, М. Алимардонов шогирдони мактаби илмии профессор Рақиб Абулҳаев мебошанд. Мо ходимони ҷавони илмии Шӯъбаи таърихи навтарини Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АМИТ низ аз он ифтихор дорем, ки аз маслаҳатҳои устод баҳраманд ҳастем. Бо пурсиш ва ё хоҳише агар ба устод муроҷиат кумаки хешро дареғ намедоранд. Бо меҳрубонӣ ба мо тавсияҳои муфид медиҳанд.
Устод Рақиб Абулҳаев муҳаққиқи жарфназар ҳастанд ва дар самтҳои мухталифи илми таърих пажӯҳиш анҷом додаанд. Агар ба осори илмии эшон назар афканем домани таҳқиқоти эшонро метавон чунин тасниф кард:
1. Пажӯҳиши таърихи болооби Зарафшон. Устод Рақиб Абулҳаев дар асарҳои хеш мӯшикофона зиндагӣ, вазъи иҷтимоӣ ва таҳаввулоти сиёсиву иқтисодиро дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX дар болооби Зарафшон таҳқиқ кардаанд. Бахусус, таърихи барқарор шудани ҳокимияти шӯравиро дар болооби Зарафшон ҳамаҷониби омӯхта, муфассал дар асарҳои хеш навиштаанд. "Барқароркунии Ҳокимияти шӯъравӣ дар минтақаҳои болооби Зарафшон", "Субҳи Зарафшон" ва дигар китобу мақолаҳои устод Рақиб Абулҳаев, ки ба мавзӯъи зикршуда бахшида шудаанд, арзиши баланди илмӣ доранд ва корҳои бунёдӣ дар илми муосири тоҷик маҳсуб мешаванд.
2. Пажӯҳиши сохтмонҳои ирригасионӣ ва азхудкунии заминҳо барои кишварзӣ. Тавре маълум аст, баробари барқарор шудани Ҳокимияти Шӯравӣ дар Тоҷикистон масъалаи обёрӣ ва ба заминҳои кишоварзӣ табдил додани заминҳои бекорхобида яке аз ҳадафҳои муҳим ба ҳисоб мерафт. Ин амри тақдирсоз зина ба зина амалӣ шуда дар муддати кӯтоҳ Тоҷикистон ба кишвари аграрӣ табдил дода шуд. Устод Рақиб Аблуҳаев яке аз муҳаққиқони барҷастаи ин мавзуъ ҳастанд. Мақолаҳои сершумор ва рисолаҳои бунёдиашон "Обёрикунӣ ва истифодаи заминҳои Тоҷикистон", "Таҷрибаи таърихии сохтмони ирригасионӣ ва истифодаи заминҳои нав дар Тоҷикистон" далели ин гуфтаҳо мебошад. Илова бар ин, таҳқиқи ин мавзуъро шогридони устод идома додаистодаанд.
3. Пажӯҳиши таърихи муҳоҷират. Устод Рақиб Абулҳаев нахустмуҳаққиқи таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон ҳастанд. Тавре маълум аст, тоҷикон дар чандин давраҳои таърихӣ бо таъсири омилҳои мухталиф рӯ ба муҳоҷират овардаанд. Вале ин мавзуъ то замони соҳибистиқлолии кишвар таҳқиқи нашуда буд. Махсусан, дар замони Шӯравӣ ба пажӯҳиши ин мавзуъ даст задан душвор буд, зеро сиёсати замони шӯравӣ яке аз омилҳои асосии муҳоҷирати дохиливу хориҷӣ дар оғози асри 20 буд. Бо ба даст омадани истиқлоли давлатӣ устод Рақиб Абулҳаев ин мавзуъро омӯхта даҳҳо мақола ва чанд китоб навиштанд. Аз ҷумла “ Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1941)”. - Душанбе:Ирфон, 2003. - Қисми 1. - 268с.,; “Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (соли 1946 - 1960)”. Қисми дуввум. - Душанбе:Из-во РТСУ, 2005. - 250с.; “Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон (соли 1961 - 2000)”. Қисми севвум. - Душанбе:Из-во РТСУ,2008. - 335с., “Таърихи муҳоҷират дар Тоҷикистон” (1917-2000). - Душанбе, 2012. – 492 с., Ин асарҳо бо забонҳои тоҷикиву русӣ таълиф шуда, имрӯз дар хизмати аҳли илм ҳастанд.
4. Таърихи Тоҷикистони навин. Ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ барои миллати тоҷик туҳфаи бузургтарини сарнавишт буд. Тайи беш аз 30 соли соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон марҳилаҳои мухталифи рушдро тай кард, аз имтиҳонҳои шадид гузашт, ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Дар ин давра дар илми таърих пажӯҳиши таърихи Тоҷикистони навин оғоз шуд, ки дар ин самт муаррихи барҷаста Рақиб Абулҳаев пешгом ҳастанд. Эшон таърихи Тоҷикистони навинро аз рӯзҳои аввали ба даст овардани истиқлол, ҷанги шаҳрвандӣ (омилҳо ва паёмадҳо) сулҳи деринтизор (омилҳои муассир ва паёмад), гурезагон ва баргардонидани онҳо, сохтмонҳои азим, аз ҷумла сохтмони НБО “Роғун” ва ғ. маврди пажӯҳиш қарор додаанд. Силсилакитобҳои эшон “Вопросы новейшей истории Таджикистана” дар 7 ҷилд намунаи беҳтарини пажӯҳиши таърихи тоҷикистони навин мебошад.
5. Таърихи ҳамкориҳои сиёсии Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷӣ. Таърихи дипломатияи тоҷик низ чун таърихи Тоҷикистони муосир илми нав аст. Бешак, дар ин самт пажӯҳишҳои зиёде ба табъ расидаанд. Муаррихи шинохтаи тоҷик Рақиб Абулҳаев низ дар таҳқиқи ин мавзуъ саҳм гузоштаанд. Эшон дар мақолаҳои алоҳида таърихи робитаҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла бо Русия ва Эрон мавриди пажуҳиш қарор додаанд. Китоби эшон “Ирано-таджикское сотрудничество в конце ХХ - начале ХХI вв.” (Душанбе, 2017) як навъ ҷамъбасти пажуҳишҳои устод дар ин самт мебошад.
Домани пажуҳиши устод Рақиб Абулҳаев фарох аст ва онро наметавон дар як навишта ҷамъбаст кард. Эшон ҳанӯз ҳам пайваста аз пайи таълифи асарҳои бунёдӣ ҳастанд. Тайи 2 соле, ки бо эшон ҳамкорам шоҳиди нашри 3-4 китоби эшон будам, ки ҳар яке дар илм ҳарфи ҷадид мебошанд. Барои мисол рисолаи эшон “Аз таърихи барпо ва мустаҳкам шудани Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистони шимолӣ ва Помир (солҳои 1917-1924)” (Душанбе, 2022. – 352 саҳ) аст. Китоби мазкур ба яке аз масъалаҳои мубрами таърихи Тоҷикистони Шуравӣ бахшида шудааст. Доир ба масъалаи барпо ва қавӣ гардонидани Ҳокимияти Шуравӣ дар Тоҷикистон аз ҷониби олимони тоҷик асару мақолаҳои зиёде навишта шудаанд. Аммо дар таърихнигории ҷумҳурӣ то имрӯз таҳти ин унвон ба забони тоҷикӣ таълифоте нашудааст. Муаллиф барои навиштаи ин асар ба таври мукаммал ҳуҷҷатҳои бойгониҳои зиёде ва маводҳои адабиётҳои таърихӣ, рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳуриявию марказӣ (собиқ иттифоқ) ва ёддоштҳои иштирокчиёни он воқеаҳои инқилоби гузаштаро бомаврид истифода бурдааст. Дар натиҷа олим ҷараёни воқеаҳои инқилоби дар қисми Тоҷикистони шимолӣ ва Помир руйдодаро бо тафсил овардааст. Бешубҳа, китоби мазкур барои навиштани асарҳои бисёрҷилдаи халқи тоҷик кумаке хоҳад расонд. Инчунин барои ҳаводорони таърихи навтарини халқи тоҷик туҳфаи хубест.
Устод Рақиб Абулҳаев дар ин авохир китоби ёддоштҳо низ нашр карданд. Ёддоштҳояшон “Аз гузашти рӯзгор” ном дорад. Дар асари мазкур аслан сухан дар бораи воқеаҳои зиёди ҷамъиятӣ, азобу машаққати мардуми тоҷик дар солҳои душвори Ҷанги Бузурги Ватанӣ, инчунин баъд аз барқароркунии хоҷагии халқ, солҳои таҳсил дар мактаби ҳафтсолаи деҳаи Урметани водии Зарафшон, омӯзишгоҳи номдори омӯзгории шаҳри бостонии Панҷакент ва ҳамзамон дар хусуси ҳамсабақону ҳампешагони муаллиф меравад. Барҳақ муаллифи китоб бо далелу мисолҳои мушаххас заҳмати душвори таҳқиқоти илмиро ба қалам дода, мавқеи устодон ва кӯмаку ғамхориашонро нисбати шогирдони вафодорашон бармало зикр кардааст. Дар китоби мазкур ҳамзамон перомуни ҳаводиси таърихии дар давоми 70 сол ба вуқӯъ пайваста сухан меравад. Ёддоштҳои устод Рақиб Абулҳаев хонданбоб ва ибратомӯзанд.
Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки устоди мо ҳанӯз ҳам иқтидори илмӣ доранд ва барои рушди илми тоҷик заҳмат мекашанд. Мо ҳам ба устоди азиз, муаррихи варзида, Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор Рақиб Абулҳаев тансиҳатӣ ва саодати зиндагиро орзу дорем.
Исматзода Шоиста - ходими илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
