RU
БОЗДИД АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ БОСТОНИИ ТОҶИКИСТОН
Имрӯз, 15 май бахшида ба Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо ҳайати олимону кормандон таҳти роҳбарии президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Хушвахтзода Қобилҷон Хушвахт аз Осорхонаи миллии бостонии Тоҷикистон дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дидан намуданд.
Зимни боздид иттилоъ дода шуд, ки осорхона соли 2001 дар назди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониши Академияи илмҳои Ҷумхурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст. Асоси намоишгоҳҳои осорхонаро маводхое ташкил медиҳанд, ки тӯли 60 сол ба ҳангоми ҳафриётҳои Институт пайдо гардиданд.
Қайд гардид, ки маҷмӯи бозёфтҳои намоишии он, беш аз панҷ ҳазор номгӯй: намунаҳои нодири сафолӣ, сангӣ, филизӣ, шишагӣ, ҷавоҳироти зиннатӣ, маишӣ, муҷассама ва нақошиҳоро дар бар мегирад. Дар ин ҷо “Хазинаи ашёи нодир” сохта шуда аз тилло ва маҷмуи сиккаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ, биринҷӣ ва мисӣ мавҷуданд.
Зикр гардид, ки қадимтарин нигораи осорхона ин бозёфтҳо аз бошишгоҳи Кулдара мебошанд, ки 950 ҳазор сол то мелодро дар бар мегирад. Осорхона бо ашёи энеолит ва биринҷии кашф шуда аз деҳшаҳри Саразм (ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд) ифтихор мекунад, ки он ба рӯйхати «Мероси умумиҷаҳонӣ»-и ЮНЕСКО шомил аст.
Таъкид гардид, ки бозёфтҳои давраи элинистӣ, ки аз маъбади Окси шаҳраки Тахти Сангин (ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон), дар соҳили Амударё кашф шудаанд, аз ҷумлаи нодиртарин бозёфтҳо маҳсуб мешаванд. Дар байни онҳо муҷассамаи Искандари Мақдунӣ дар тасвири Геракл, ғилофи акинак, тахтача бо тасвири саҳнаи шикор ва дигар бозёфтҳои аз оҷ сохта шуда, намунаҳои шоҳкориҳои ҷаҳонӣ мебошанд. Пайкараки хурди олиҳаи ҷанг – Марсия, инчунин пораҳои муҷассама ва боқимондаҳои меъморӣ арзиши хос доранд. Бозёфтҳо аз маъбади Амударё намунаи омезиши ду фарҳанг – маҳаллӣ ва Юнони қадим мебошанд.
Гуфта шуд, ки деворнигораҳои Панҷакенти Қадим – асрҳои V-VIII мелодӣ, ки ба ганҷинаи тиллоии тамаддуни ҷаҳонӣ шомиланд, дар осорхона ба намоиш гузошта шудаанд. Зинати ин маҷмӯъ тасвири «Духтари уднавоз», ки чандин маротиба дар осорхонаҳои маъруфи ҷаҳон ба намоиш гузошта шуда буд, мебошад.
Ҳамзамон деворнигораҳо аз Бунҷикат, Аҷинатеппа, калъаи Кофарниҳон ва Ҳулбук низ диққатҷалбкунанда мебошанд. Тамошобинонро кандакории дорои завқи баланди ҳунарӣ дошта, бо саҳнаҳо аз достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ аз қасри шоҳони Бунҷикати ибтидои асри миёна (ноҳияи Шаҳристони вилояти Суғд) дар ҳайрат мегузорад.
