RU
Мактуби иттилоотӣ
АКАДЕМИЯИ МИЛЛИИ ИЛМҲОИ ТОҶИКИСТОН
 Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш
 
Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А. Дониш ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Маҳсум ва 100-солагии Анҷумани Якуми Муассисони Умумитоҷикии Шӯроҳо конференсияи байналмилалии илмии “Нусратулло Маҳсум ва Анҷумани Якуми Муассисони Умумитоҷикии Шӯроҳо”-ро баргузор менамояд
Чорабинӣ 1 декабри соли 2026 баргузор мешавад. Ҳамаи мутахассисони соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносиро барои иштирок дар муҳокимаи ин марҳилаҳои муҳими таърихӣ даъват менамоем.
Конфронси дарпешистода муҳокимаи масъалаҳои зеринро дар бар мегирад:
- Эътирофи умумихалқии Нусратулло Махсум дар замони истиқлол;
- Рисолати таърихии Пешвои миллат нисбати абадигардонии номи Нусратулло Махсум;
- Вазъи иҷтимоию иқтисодии Бухорои Шарқӣ дар арафаи тақсимоти миллию ҳудудии Осиёи Миёна;
- Қадамҳои нахустини Нусратулло Махсум ба сиёсат;
- Тағйироти сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодӣ дар ҶХШ Бухоро, Комиссияи Фавқулоддаи Диктаторӣ, КИМ-и Бухорои Шарқӣ;
- Тақсимоти миллию ҳудудии Осиеи Миена ва натиҷаҳои он;
- Саҳми Нусратулло Махсум дар таъсиси ҶМШС Тоҷикистон ва ҶШС  Тоҷикистон;
- Нақши роҳбарикунандаи Нусратулло Маҳсум дар сохторҳои давлатӣ, ҳизбӣ ва ҷамъиятӣ, аз ҷумла вазифаҳои Раиси Кумитаи Инқилобӣ ва КИМ ҶМШС Тоҷикистон ва ҶШС Тоҷикистон;
- Аҳамияти тақдирсози Анҷумани Якуми Муассисони Умумитоҷикии Шӯроҳо барои халқи тоҷик;
- Қарорҳои муҳими дар анҷумани мазкур қабулшуда;
- Саҳми қарорҳои Анҷумани Якуми Муассисони Умумитоҷикии Шӯроҳо дар бунёди сохторҳои давлатӣ, пешрафти иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистон;
- Нақши Нусратулло Махсум дар бозгардонидани аҳолӣ аз Афғонистон;
- Масъалаҳои озодии занон, ки дар анҷуман баррасӣ шуданд;
- Қабули Конститутсияи соли 1929 ва такмили он дар соли 1931;
- Саҳми Нусратулло Махсум дар фатҳи водии Вахш;
- Таъқиботи сиёсӣ ва оқибатҳои он;
- Ҳамсафони Нусратулло Махсум.
Ҳамаи гузоришҳои ба конференсия пешниҳодшаванда дар маҷмӯаи маводҳои конференсия нашр карда мешаванд. Талабот оид ба тарҳрезии мақола: фосилаи ягона, ҳуруфи Times New Rоman, 14.
Бо мақола бояд маълумотнома дар бораи муаллиф замима карда шавад: насаб, ном, номи падар (пурра); дараҷаи илмӣ, унвон; ҷои кор ва вазифа; мавзӯи гузориш; суроғаи хона (индекс), телефонҳои тамос (беҳтараш бо мобилӣ), почтаи электронӣ.
Мақола ва маълумотнома дар бораи муаллиф ба таври электронӣ ба ташкилкунандагони конференсия фиристода мешаванд: falgar@mail.ru, ruhay-@mail.ru
Мӯҳлати пешниҳоди мавод то 20 октябри соли 2026 аст. Маълумотномаҳои телефонӣ: 221 20 93, 93 565 63 12, (Ғафуров А.М).
Кумитаи тадорукот